19:09 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1507 0 0

Бахтиёр Шукурзода, донишҷӯи 23 - солаи Донишгоҳи Хубейи Чин аз бозгашт ба ватан худдорӣ кард ва феълан дар шаҳри Вуҳан макони хуруҷи маризии "вируси тоҷдор" қарор дорад

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Бо вуҷуди он ки дар Чин хуруҷи маризии коронавирус ба авҷи аъло расидааст ва мақомдорони тоҷик тавассути ширкати ҳавонавардии ватанӣ барои интиқоли шаҳрвандони тоҷики дар Вуҳан дармонда озими Чин шуданд ва онҳоро бозпас оварданд, аммо қисмати хурди тоҷикистониён аз омадан ба ватан саркашӣ намуданд ва дар Чин боқӣ монданд.

 

Бахтиер Шукурзода, аспирант Хубэйского университета
Бахтиер Шукурзода, аспирант Хубэйского университета
Бахтиёр Шукурзода аз ҷумлаи он 3 тоҷикистонӣ, ки даъвати Тоҷикистонро рад намуда,  бо вуҷуди хатари "вируси тоҷдор" дар Чин мондас. Номбурда дар курси дуввуми аспирантураи Донишгоҳи Хубэй таҳсил мекунад ва дар ин кишвар муддати 5 сол ба сар мебарад, менависад  "Жэнмин жибао". 

Даҳшати коронавирус: Абхазистон дарашро ба рӯйи тоҷикистониҳо баст

Ба иттилоиманбаъ, Шукурзода бори нахуст аз ин маризӣ моҳи декабри соли гузашта шунида буд, вале чандон мутаваҷеҳ нашуд, чун ин маризиро бо ҷиддият қабул накард.

Ба гуфтаи ӯ, бо гузашти андак вақт, вазъият комилан дигаргун шуд, зеро теъдоди мубталоён ва қурбониёни ин касалӣ рӯ ба айфзоиш ниҳод.

""Ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ дар масирҳо манъ карда шуд, гашту гузори одамон низ ба маротиб кам шуд, саҳни донишгоҳҳо ҳам аз муҳассилин холӣ монд", - мегӯяд донишҷӯи тоҷик.

Зимнан, ба изҳори вай, маъмурияти донишгоҳҳо барои таъмини бехатарии толибилмон тасмим гирифтанд, ки машғулиятҳои донишгоҳӣ ба таври онлайнӣ сурат гирад.

Шукурзода мегӯяд, феълан дар хобгоҳ танҳо ба мутолиаи китоб машғул асту бас.

""Ман бар он боварам, ки Чин ҳатман роҳи ҳалли ин бумбастро пайдо мекунад. Ман бисёр мехоҳам, ки мисли пештара ба кӯчаҳо баромада, сайру гашт кунам".

Донишҷӯи тоҷик аз ҳарсу тарси волидони худ ибрози назар намуда, гуфт, ки пайвандонаш  пайваста бо ӯ дар тамос ҳастанд ва хоҳиш мекунанд, ки ба берун набарояд ва аз эҳтиёт кор бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Бахтиёр Шукурзода ба кулли пизишконе, ки ҷони худро дар хатар гузошта ба нафарони мариз сари кор мегиранд изҳори таҳсину офарин намудааст.

Ба гуфтаи ӯ, аллакай чандин табибон аз нафарони мариз сироят ёфтанд ва ҷони худро аз даст доданд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми феврали соли ҷорӣ ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз шаҳри Вуҳани Чин 46 шаҳрванди Тоҷикистонро ба Ватан интиқол дод.

Теъдоди ҳалокшудагон аз коронавирус дар Чин ба 1110 нафар расид

Қаблан Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз дармондани 56 тоҷикистонӣ дар ин шаҳр хабар дода буд. Ба гуфтаи ин ниҳод, аснои интиқоли шаҳрвандони тоҷик, се тан аз онҳо аз сафар ба Ватан худдорӣ намуданд ва 7 нафари дигар бинобар доштани таби баланд ба Тоҷикистон оварда нашуданд.

Барчаспҳо:
ҳифз, донишҷӯи тоҷик, Ухан

Мавзӯъҳои асосӣ