15:06 17 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.52
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
19810

Одамони бисёре аз қишрҳои гуногуни ҷомеа дар тамоми ҷаҳон ва миллатҳои гуногун бо ҳаргуна роҳ Чинро дастгирӣ ва кӯмак мекунанд

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Чин дар изҳороте аз 30 кишувари дунё, аз ҷумла аз Тоҷикистон барои расонидани кӯмаки башардӯстона  - лавозимоти тиббӣ изҳори миннатдорӣ кардааст.

"Дар мубориза бо коронавирус Чин асосан ба қудрати  худ такя мекунад, мо ба ин итминон дорем. Дар ҳаминҳол, мо иқдоми дӯстонаи кишварҳои хориҷро  қадр мекунем. То имрӯз мақомоти 33 кишвар ва 4 ташкилоти байналмилалӣ ба Чин кӯмак дар намуди лавозимоти тиббӣ ирсол карданд", - омадааст дар изҳорот.

Чунончи, Русия, Алҷазоир, Белорус, Камбоҷа, Канада, ИМА, Миср, аронса, Олмон, Гана, Маҷористон, Индонезия, Эрон, Тоҷикистон ва дигар кишварҳо кӯмаки башардӯстона расонидаанд.

Ҳамчунин, 17 кишвари дигар дар расонидани кӯмак ба Чин изҳори омодагӣ кардаанд.

ВУХ Чин қайд мекунад, ки одамони бисёре дар тамоми ҷаҳон аз қишрҳои гуногуни ҷомеа ва миллатҳои гуногун бо роҳҳои гуногун Чинро дастгирӣ ва кӯмак карданд.

Пешгӯии даҳшатноки ТУТ: 70 дарсади инсоният гирифтори коронавирус мешавад

Мақомоти Тоҷикистон чанде пеш барои баргардонидани донишҷӯёнаш ба Вуҳан ҳавопаймо ва ҳамчунин кӯмаки башардӯстона фиристод.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Ҳалокати 600 нафар аз "вируси тоҷдор": ҳамарӯза даҳҳо нафар сироят мешаванд

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финландия, Куриёи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ