14:48 29 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.19
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
474 0 0

Николай Татский, кӯҳнасарбози русе, ки дар Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум иштирок дошт, дар синни 93-солагӣ дар Афғонистон даргузашт

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Николай Татский мутаваллиди 1926, дар соли 1944 ба хидмат гирифта шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Бино бар иттилои манбаъ, Николай Татский  дар ҷабҳаи Беларус хидмат кард ва сипас ба ҷабҳаи ҷануби ғарбӣ мунтақил шуд.

Ӯ дар тӯли ҷанг ронанда буд. Ӯ дар ҳоли ҳамли сарбозон ва ғизо буд.

Татский пас аз бозгашт аз ҷанг, дар шаҳри Ҷалолобод дар вилояти Нангарҳори Афғонистон зиндагӣ мекард.

Ба далели шуҷоат, ба вай медалҳои Жуков ва медалҳои солгард эъто шудааст.

Рӯзи 22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ бе эълони ҷанг ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кард.

22 июн дар собиқ кишварҳои узви Иттиҳоди Шӯравӣ рӯзи ҳузнангез аст. Ин рӯз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки қисме аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ аст,гуфта мешавад.

Нафаре аз аҳолии чандмиллионаи 15 кишвари иттиҳод хабар надошт, ки Олмон ҷангро маҳз дар ҳамин рӯз сар мекунад, ки хисороти ҷониву молии бесобиқа дошт.

Умуман дар муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон иштирок намудаанд.

Зиёда аз 92 ҳазор нафарашон дар майдонҳои набард ҳалок шуданд. 

Ба нишони қадрдонии далерию қаҳрамонӣ 54 нафар ҳамватанони мо бо унвони олии ифтихории Ватан - Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ, 21 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени "Шараф" ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз шуданд.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз ин ҳисоб 49973 нафари онҳо ба баталёнҳои коргарӣ сафарбар шуданд.

 

Барчаспҳо:
даргузашт, Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ, рус, куҳансарбоз, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ