Созмони ҷаҳонии тандурустӣ гуфт, киҳо тезтар метавонанд ба коронавирус гирифтор шаванд

Обуна шудан
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, "вируси тоҷдор" он қадар даҳшатбор нест. Чун 80 дарсади гирифторони ин маризӣ дар шакли сабук, метавонанд комилан сиҳат шаванд

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ҳудуди 80 дарсади гирифторони маризии сирояти "вируси тоҷдор" имкони шифо ёфтан доранд. Ин маризӣ аслан ба одамони калонсол таҳдид мекунад ва ба кӯдакон қариб хавфе надорад.

Защитный костюм от химических и бактериологических воздействий - Sputnik Тоҷикистон
Даҳшат: пизишкони Вуҳан рӯяшонро баъди пӯшидани ниқоби зидди коронавирус нишон доданд

Ин нуктаро Тедрос Адханом Гебрейесус мудири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, зимни як ҳамоиш изҳор дошт.

Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад

Ба гуфтаи ӯ, танҳо 2 дарсади гирифторони ин маризӣ ба марг рӯбарӯ мешаванд ва доираи қурбониёнро аслан нафарони синну соли калонтар ташкил медиҳанд.

"Мо мушоҳида мекунем, ки теъдоди ночизи кӯдакон аз маризии сироятии коронавирус сироят мешаванд. Аммо барои фаҳмидани ин ки чаро ин ҳодиса рӯй медиҳад, таҳқиқоти иловагӣ зарур аст", - афзудаст мудири кулли СҶТ.

Қобили зикр аст, ки дар Чин аллакай беш аз 70 ҳазор нафар мубталои ин маризӣ гардида, 1772 мариз ба ҳалокат расиданд. Хуруҷи ин беморӣ аз моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳан шурӯъ шуд ва то ҳол дар чандин кившари дигар доман паҳн кардааст.

Лентаи хабарҳо
0