20:18 09 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.70
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
693 0 0

Шумораи нафароне, ки аз коронавирус табобат ёфтанд, нисбат ба қурбониёни ин вируси марговар бештар аст

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. То имрӯз аз коронавирус дар тамоми ҷаҳон 1873 кас фавтидааст, омадааст дар гузориши Маркази таҳқиқотии назди Донишгоҳи ба номи Ҷон Хопкински ИМА.

Бино ба додаҳои охирин, то кунун 73 ҳазор сироятшавӣ ба вируси COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.

12 745 кас табобат ёфтааст.

Ҳисоботи охирин дар бораи зуҳури коронавирус дар ҷаҳон
Ҳисоботи охирини маргу мир бар асари коронавирус: тасвирбаён

Зуҳури коронавирус 

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Барчаспҳо:
маргумир, вирус, Ҷаҳон

Мавзӯъҳои асосӣ