Оғози гирдиҳамоии мардумӣ дар Афғонистон ба ҳимоят аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ

© Фото : Dr. AbПремьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла
Премьер-министр Афганистана Абдулла Абдулла  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сокинони вилоятҳои шимол ва шимоли шарқи Афғонистон бо баргузории нишасте, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати миллии ин кишварро пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурӣ донистанд ва бар ҳимоят аз вай таъкид карданд

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday” мардуми сокинони вилоёти Форёб, Тахор, Балх, Кописо ва Панҷшер дар ин гирдиҳамоӣ Абдуллоҳ Абдуллоҳро пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва ин пирӯзиро ҷашн гирифтанд.

Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғаниро напазируфт - видео

Дар ин гирдиҳамоӣ сокинони ин вилоёт тасовири Абдуллоҳ Абдуллоҳро бо унвони раисиҷумҳури Афғонистон насб кардаанд.

Башир Аҳмад, сухангӯи ҳизби Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон гуфт, ин гирдиҳамоӣ ба дастури генерал Абдуррашид Дӯстум, раиси ин ҳизб ва барои ҷашни пирӯзии Абдуллоҳ Абдуллоҳ баргузор шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш генерал Рашид Дӯстум хостори эътирози зидди интихоби Ашраф Ғанӣ шуда буд.

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон рӯзи сешанбе бори дигар Маҳаммад Ашраф Ғаниро бо касби 50/64 дарсад аз оро, барандаи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар эълом кард ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ низ нафари дувум шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро қабул накарда ва ба дунболи он бархе аҳзоби Афғонистон низ аз вай ҳимоят кардаанд. Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябри 2019 баргузор шуд.

Лентаи хабарҳо
0