23:53 26 ноябри 2020
Пахши мустақим
  • USD11.30
  • EUR13.44
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1900 0 0

Ҳукумати Русия тарҳи қонунеро омода дорад, ки мувофиқи он барои шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои ИДМ гирифтани шаҳрвандии ин кишвар осон хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 22 фев – Sputnik. Мақомотоҳои қонунгузории Русия тарҳи қонунеро омода дорад, ки мувофиқи он, барои шаҳрвандони баъзе аз кишварҳои ИДМ гирифтани шаҳрвандии Русия осон хоҳад шуд, гуфт ба хабаргузории “Интерфакс” раҳбари Кумитаи кор бо кишварҳои ИДМ Леонид Калашников.

Ба гуфтаи вай, мақомот тасмим дорад ҳузури панҷсола дар қаламрави Русия, ки барои гирифтани шаҳрвандӣ яке аз шартҳои ҳатмӣ мебошад, аз байн бурда шавад.

Тибқи тағйироти мазкур осониҳо танҳо ба шаҳрвандони чаҳор кишвар, аз ҷумла Украина, Белорус, Молдова ва Қазоқистон пешниҳод карда мешавад.

Инчунин, дар лоиҳаи қонун як тағйироти дигар низ ворид карда мешавад. Тибқи тағйироти мазкур нафароне, ки бо шаҳрванди Русия издивоҷ кардаанд метавонанд баъд аз як сол барои гирифтани шаҳрвандӣ даъво намоянд. Қаблан шаҳрванди хориҷие, ки бо шаҳрванди Русия издивоҷ карда буд метавонист танҳо пас аз се соли зиндагии якҷоя барои гирифтани шаҳрвандӣ дархост намояд.

Инчунин, қаблан мақомоти Русия хабар дода буд, ки шаҳрвандони хориҷӣ имкон пайдо хоҳанд кард, бидуни супоридани шаҳрвандии кишвар худ барои гирифтани шаҳрвандии Русия дархост намоянд.

Барчаспҳо:
тағйирот, қонун, ИДМ, шаҳрвандӣ, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ