22:42 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
106620

Комиссияи миллии тандурустии Чин шумораи дақиқи қурбониёни коронавирусро муайян карданд ва маълум шудааст, ки аз се ду ҳиссаи фавтидагонро мардон ташкил медиҳанд.

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Вазорати илм ва технологияи Чин шабпаракро аз манбаъи асосии паҳншавии коронавирус гуфтанд.

Ин вирус аз шабпарак ба саг ва дигар ҷонварони хонагӣ мегузарад. 

Комиссияи миллии тандурустии Чин шумораи дақиқи қурбониёни коронавирусро муайян карданд ва маълум шудааст, ки аз се ду ҳиссаи фавтидагонро мардон ташкил медиҳанд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Олимони Русия ин тамоюлро бо сигоркашии мардон рабт медиҳанд, ки бо ин роҳ дар вирус дар дохили шушҳои мардон зудтар паҳн мешавад.

Коронавирус

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.

Барчаспҳо:
вирус, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ