18:24 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
524 0 0

Варзишкори амрикоӣ Пол Фелдер ва рақибаш аз Зеландияи Нав Дэн Хукер дар доираи UFC Fight Night 168 муборизаи диданиеро пешкаш карданд

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Дар Окланд сабқати UFC Fight Night 168 баргузор шуд. Муҳимтарин рақобати ин шаб, вохӯрии "Аждаҳои ирландӣ" - Пол Фелдер ва варзишкор аз Зеландияи Нав Дэн Хукер шуд.

Рақобати ин ду варзишкор 25 дақиқа давом кард. Дар бахши аввал Хукер ба Фелдер хуб ҳуҷум кард. Чанд маротиба варзишкори ҷавон ба сари "Аждаҳои ирландӣ" муштҳои нишонрас заду чашми рости варзишкор қариб ки пӯшида шуд.

Дар бахши дуюм Фелдер тавозунро баробар кард, вале дере нагузашта Хукер боз фаъолтар шуд.

 

Дар раунди ниҳоӣ варзишкорон бо ҳисоби баробар 2-2 баромад карданд. Дар дақиқаҳои охир суръати ҳаракати Фелдер каме суст шуд ва Хукер ин лаҳзаҳоро хуб истифода карда ӯро ба партер кашид.

 

 

​Бо қарори доварон дар сабқати UFC Fight Night 168 Хукер ғолиб дониста шуд. Зимни суханронӣ Хукер - Ҷастин Гейҷиро ба рақобат хост.

Фелдер дар навбати худ дар бораи ба нафақа баромадан изҳор дошт.

Барои Дэни Хукер ин 20-умин ғолибият дар фаъолияти варзишиаш шуд. Ӯ ҳамагӣ ҳашт маротиба мағлуб шудааст. Пол Фелдери 34-сола бошад бори панҷум мағлуб шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ