20:53 15 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1983 0 0

Муовини вазири беҳдошти Эрон Эраҷ Ҳарирчӣ низ мубталои маризии сироятии "коронавирус" гардидааст. Номбурда дар муроҷиати худ ба шаҳрвандони ин кишвар гуфтаст, ки "сироят ёфтааст ва вазъи саломатияш мӯътадил аст"

ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Абос Аслонӣ як хабарнигори эронӣ дар сафҳаи Twitter- и худ муроҷиати видеоии муовини вазири беҳдошти Эронро нашр кардааст, ки дар он Эраҷ Ҳарирчӣ мегӯяд, мубталои маризии коронавирус шудааст.

Номбурда мегӯяд, гирифтори ин беморӣ шуда аз дирӯз табаш баланд шудаст. Тести аввалаш охири шаб мусбат баромад ва чанд дақиқа пеш ба ӯ гуфтаанд, тести ниҳоӣ қатъӣ шудааст ва дармонро оғоз мекунад.

" Ҳолам хуб аст ва як миқдор хастагӣ дорам, таб доштам, ки иншоАллоҳ паст мешавад. Мехостам бароятон бигӯям, ки мутмаин бошед, ки бо талошҳои шумо, Вазорати беҳдошт ва пуштибонии давлат, зарфи чанд ҳафтаи охир дар муқобили ин короновирус пирӯз хоҳем шуд. Мутмаин бошед, ки мо короноро шикаст медиҳем, аз таҳи қалб инро мегӯям", - афзудааст ӯ.

Муовини вазири беҳдошт дар муроҷиат ба шаҳрвандон гуфтааст "муроғиби худатон бошед, ин беморӣ фақиру ғанӣ, масъулу ғайримасъулро намешиносад ва мумкин аз теъдодеро мубтало кунад. Мо дармони муассир барояш дорем".

Ҳарирчӣ мегӯяд, корҳое, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудааст, тариқи телефонӣ дунбол мекунад ва умедвор аст тайи чанд рӯзи оянда, шифо ёфта ба фаъолияти хидматияш баргардад.

Тоҷикистон парвози ҳавопаймоҳо самти Эронро пурра қатъ кард

Ёдрас мешавем, ки  дар Эрон шумораи қурбониёни маризии сироятии "вируси тоҷдор" рӯ ба афзоиш аст. Хабаргузории Ирно аз қавли намояндаи расмии Вазорати беҳдошти Эрон Киёнуш Ҷаҳонпур  хабар медиҳад, теъдоди ҷонбохтагони мубтало ба коронавирус дар Эрон ба 12 тан ва теъдоди мубталоён ба 64 нафар расид.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 76 ҳазор нафар дар Чин ба ин вирус мубтало шудаанд ва беш аз 2 ҳазору 300 нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчаспҳо:
маризӣ, тандурустӣ, муовини вазир, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ