18:03 07 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.02
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
510 0 0

Агар қаблан Кумитаи тандурустии Чин эълон намуда буд, ки маризии коронавирус аз роҳҳои ҳавоӣ мегузарад, акнун ин вирус дар сурати ба либос ва ашёи хона роҳ ёфтан, метавонад инсонро сироят кунад

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Маҷаллаи The Journal of Hospital Infection, менависад, ки агар вируси корона ба либос ва ё ашёи хона роҳ ёбад, метавонад дар муддати як ҳафта зинда монад ва ба атрофиён хатарзо бошад.

Ба иттилои манбаъ, олимон, ки дар гузашта вирусҳои SARS ва MERS-ро омӯхта буданд, ба хулоса омадаанд, ки вируси корона ба ин ду вируси дигар ҳамшабеҳ аст.

"Ин намуд вирусҳо қобилияти дар дарахт, қоғаз, пластика, шиша ва либос ба муддати як ҳафта зинда монданро доранд", - хулосабарорӣ намудаанд олимон.

Ба таҳқиқи олимон, вирус бештар дар ҳарорати паст ва намнок зинда мемонад.

“Рӯбӯсӣ накунед!” Як гирифтор, бастани марз бо Эрон ва эълони вазъи изтирорӣ

Дар ҳамин ҳол, олимони чинӣ вакснаеро сохтаанд, ки бино бар натиҷаҳои пешакӣ, самаранокии худро дар табобати вируси корона исбот кардааст.

Мақомоти ЧИн эълом карда буданд, ки санҷиши клиникии ваксина на пештар аз охирҳои апрел сар мешавад, коркарди он бошад якҷо бо давлатҳои дигар анҷом дода мешавад.

Барчаспҳо:
пажӯҳиш, либос, вирус

Мавзӯъҳои асосӣ