00:08 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
499 0 0

Рэпсарои арабистонӣ Асаил Слэйро барои вожаи "қандаки ширин" дар хитоб ба занони Макка зиндон карданианд

ДУШАНБЕ, 26 фев – Sputnik. Дар Арабистони Саудӣ зани овозхонеро барои корбурди ду вожа дар таронааш, ки ба ҳокими Макка писанд наомадааст, зиндон карданианд.

Тавре расонаҳои кишвар хабар додаанд, овозхони рэпсарои сиёҳпӯсти арабистонӣ Асаил Слэй ба таронаи "Духтаре аз Макка" намоҳанг сабт кардааст.

Гуфта мешавад, дар матни суруд чанд вожаи ташбеҳии занони шаҳри муқаддас истифода шудааст, ки ба ҳокими Макка Холид ал-Файсал писанд наомадааст.

Мақомоти кишвар фармони боздошт кардани духтарро аллакай судур кардаанд.

Тавре дар навори намоҳанг дида мешавад, Асаил таронаашро дар қаҳвахона иҷро мекунад, дар назди вай чанд наврас рақс мекунанд. Овозхон пироҳани дароз дар тан ва дар сар рӯйсарии ҳарире дорад.

Озмуни Вазорати фарҳанг барои овозхонҳо ва мусиқинавозони тоҷик

Дар матни суруд овозхон занони Маккаро зебо ва қавирода гуфта, онҳоро ба "қанди шириин" ташбеҳ додааст. 

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон овозхонро ҷонибдорӣ кардаанд ва гуфтаанд, ки борҳо шоҳзодаҳои араб ба кишвар ҳофизаҳои бешарми Ғарбро оварда буданд.

Барчаспҳо:
зиндон, овозхон, Арабистони Саудӣ

Мавзӯъҳои асосӣ