00:46 05 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.12
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1060 0 0

Вазорати хориҷаи Амрико аз ба таъхир афтодани маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ, ки расман ғолиби интихоботи раёсатҷумҳури дар Афғонистон дониста шуд, хабар дод

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik.  Бино бар иттилои хабаргузории “Форс” дар пайи авҷ ёфтани ихтилофот миёни раҳбарони сиёсии Афғонистон пас аз эъломи ниҳоии натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, Вазорати хориҷаи Амрико муддаӣ шуд, ба дунболи ҳалли ин ихтилофот шавад.

Ба иттилои манбаъ, маросими савганди Ашраф Ғанӣ ба дуҳфтаи дигар ба таъхир гузошта шуд.

Қарор буд маросими савгандёдкунӣ рӯзи панҷшанбе дар Кобул баргузор шавад, ки бо мухолифати бисёре аз чеҳраҳои сиёсии Афғонистон мувоҷеҳ шуд.

Зулмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико дар умури сулҳи Афғонистон имрӯз дар ҳисоби твиттерии худ аз ба таъхир афтодани маросими таҳлифи Ашраф Ғанӣ то 9 март соли ҷорӣ хабар дод.

Вай бо эъломи ин хабар таъкид кард, ки сиёсатмадорони Афғонистон бояд аз ин ҳукумат ба раҳбарии Ашраф Ғанӣ ҳимояти фарогир дошта бошанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан хабар расида буд, ки Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ маросими ҷудогонаи савгандёдкунии раёсатҷумҳурӣ баргузор мекунанд. 

Ашраф Ғанӣ Аҳмадзай, раисиҷумҳурии феълӣ, ки Камиссиони мустақили интихобот ахиран ӯро ғолиби интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон эълом кард, комиссиюнеро барои баргузории маросими савгандёдкунии худаш ташкил дода буд. 

Дар муқобил, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рақиби интихоботии Ашраф Ғанӣ, ки худро ғолиби интихоботи президентӣ медонад, дар идомаи муаррифии вилоятдорони нав барои ташкили давлати фарогираш, эълом кард, ки маросими савгандёдкунӣ баргузор хоҳад кард.

Барчаспҳо:
таъхир, маросими савгандёдкунӣ, интихобот, Афғонистон, Амрико

Мавзӯъҳои асосӣ