00:27 31 марти 2020
Пахши мустақим
  • USD10.20
  • EUR11.26
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1419 0 0

Арабистони Саудӣ ба хотири пешгирӣ кардан аз паҳншавии маризии сироятии коронавирус вуруди зоирин барои адои Ҳаҷи Умра, муваққатан манъ кардааст

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Арабистони Саудӣ барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, як қатор маҳдудиятҳо барои зиёраткунандаҳои Хонаи Худо ҷорӣ намудаст.

Аз ҷумла, то як муддат вуруди афрод ба хотири адои Ҳаҷи Умра ва зиёрати хонаи Пайғамбар манъ карда шудаст.

Ба иттилои Вазорати умури хориҷии ин кишвар, додани раводиди сайёҳӣ ба шаҳрвандоне, ки кишварашон дар гирдоби маризии сироятии "вируси тоҷдор" қарор дорад, комилан манъ карда шудааст.

ВУХ - и Арабистони Саудӣ гуфтааст, ин тадобир муваққатӣ аст, вале замони муайяне барои поёни он то ҳол маълум нест.

Русия 5 намунаи ваксинаи зидди коронавирусро омода кард

Бар тибқи маълумоти ахир, шумораи дардмандони маризии коронавирус ба 80 ҳазор нафар расидааст. Ҳамзамон бар асари ин маризӣ дасти кам 2770 нафар ҷон бохтанд.

Аз лиҳози шумораи афзуни мубталоёни ин маризӣ Чин дар феҳрастӣ аввал қарор дошта, Эрон, Кореяи Ҷанубӣ ва Италия дар зинаҳои баъдӣ ҷой гирифтаанд.

Алъон маризии сироятии коронавирус дар 29 кишвари қора доман паҳн кардааст.

Барчаспҳо:
маҳдудият, Ҳаҷ, Арабистони Саудӣ

Мавзӯъҳои асосӣ