01:27 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
216 0 0

Дар сайти президенти Украина қайд карда мешавад, ки Зеленский хатмкардаи Донишгоҳи миллии иқтисодии Киев ба номи Вадим Гетман аст. Ба иттилои вебгоҳ, раисҷумҳур дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ солҳои 1995-2000 таҳсил мекард

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Дар бораи раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский, дар вебгоҳи расмии президент, маълумоти бардурӯғ навиштаанд, гузориш медиҳад РИА Новости.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, дар шарҳи ҳол, дар бораи таҳсилоти олии раисҷумҳур дурӯғ навиштаанд.

Ҳамин тавр, дар сайти президенти Украина қайд карда мешавад, ки Зеленский хатмкардаи Донишгоҳи миллии иқтисодии Киев ба номи Вадим Гетман аст. Ба иттилои вебгоҳ, раисҷумҳур дар риштаи ҳуқуқшиносии донишгоҳ солҳои 1995-2000 таҳсил мекард.

Маъмурияти донишгоҳи мазкур тасдиқ кардаанд, ки Зеленский дар донишгоҳи миллӣ таҳсил кардааст.

“Мо филиали Донишгоҳи миллии иқтисодии Киев мебошем ва Зеленский дар донишгоҳи мо таҳсил кардааст”, - қайд кардаанд онҳо.

Лекин кафедраи мазкур танҳо соли 1996 ба фаъолият шурӯъ намудаву маълум нест, ки чигуна Зеленский то созмонёбиаш, як сол пеш, чихеле ки дар сайти президент қайд мешавад, шомили он шудааст.

Зеленский ба сарвазир Гончарук шонси дуюум дод

Дар посух ба суоли рӯзноманигорон низ масъулини донишгоҳ ин ноҷӯриро тавзеҳ дода натавонистанд.

Ёдрас мешавем, Владимир Зеленский соли 2019 дар интихоботи раёсати ҷумҳури Украина пирӯз шуд. 70 дарсади мардуми Украина аз собиқ “шоумен” ҷонибдорӣ карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ