19:43 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
281 0 0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп изҳор доштаст, ки Вазири умури хориҷии кишвар Майк Помпео бо намояндагони Толибон сари мизи музокира мешинад ва дар сурати иҷрои тамоми уҳдадориҳои ҳукумати Афғонистон ва Толибон, созишномаи сулҳ имзо мешавад

ДУШАНБЕ, 29 фев — Sputnik. Ба изҳори Доналд Трамп неруҳои амрикоӣ пас аз ҳамалоти 11 – уми сентябри соли 2011 вориди хоки Афғонистон шуданд ва ҳузури онҳо дар ин кишвар давоми чанд сол босамар буд.

Трамп аз он ёдовар шуд, ки қабл аз интихоб шудани ӯ ба маснади раисҷумҳур ба шаҳрвандони Амрико қавл дода буд, ки низомиёни ин кишварро аз Афғонистон берун ва ба хонаҳои онҳо зиндаву саломат мебиёрад.

Кишвардори Амрико илова намудаст, ки дар ояндаи наздик бо амри ӯ Вахири умури хориҷӣ Майкл Пампео барои имзо намудани созишномаи сулҳ бо Толибон сари мизи музокира мешинад. 

Дар ҳамин ҳол, Вазири мудоиаи Амрико Марк Эспер изҳороти муштарак бо ҳукумати Афғонистон мунташир намудаст.

“Агар ҷунбиши ҳаракати Толибон ва ҳукумати Афғонистон тамоми уҳдадориҳои худро амалӣ намоянд, мо хатми ҷанг дар ин кишвар мутмаин мешавем ва низомиёни худро аз хоки Ҷумҳурии Афғонистон берун меорем”.

Гуфта мешавад созишномаи сулҳ миёни ҳукумати Амрико ва Толибон бояд дар Қатар ба имзо расад.

Қаблан, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ҳангоми ироаи паёми солонааш ба Конгреси кишвар дар бораи танишҳо дар Афғонистон гуфтааст 
Ба гуфтаи Трамп, ин нахустин таниши низомии дарозмуддате мебошад, ки Амрико дар он иштирок дорад.

"Намехоҳам ҳазорҳо мардуми бегуноҳи Афғонистонро кушам. Мо барои хотима бахшидан ба дарозтарин ҷанги Амрико кор мекунем ва мехоҳем қӯшунҳоямонро ба ватан баргардонем", - афзуда буд вай.
Барчаспҳо:
Созишномаи сулҳ, Қатар, изҳорот, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ