Афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Эрон: фавти 11 нафар дар як шабонарӯз аз вирус

© AFP 2023 / Fars News Agency / Mehdi MarizadРаботник санитарной службы дезинфицирует Мавзолей Фатимы Масуме в иранском городе Кум
Работник санитарной службы дезинфицирует Мавзолей Фатимы Масуме в иранском городе Кум - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Эрон эълон намудааст, ки дар як шабонарӯз теъдоди ҷонбохтагон аз коронавирус дар ин кишвар 11 нафарро ташкил дода, дар маҷмӯъ ба 54 нафар расидааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард,ки то кунун 978 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар ин бора хабаргузории “Parstoday” гузориш медиҳад.

Жители Тегерана в медицинских масках на одной из улиц города - Sputnik Тоҷикистон
Эрон: вазъи саломатии 123 нафар мубтало ба коронавирус беҳбуд ёфт

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт,  дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе гуфт, "мутаассифона то кунун 54 нафар бар асари ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст додаанд".

Ба гуфтаи Ҷаҳонпур, то кунун 175 нафар ҳам беҳбуд ёфта ва аз бемористон тархис шудаанд.

Хурӯҷи вируси корона, ки моҳи декабри 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд, акнун илова бар 30 устони Чин ба 59 кишвари дигар сироят кардааст.

Бар асои охирин омор, то кунун беш аз 87 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 41 ҳазор нафар беҳбуд ёфта ва беш аз 2900 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Раҳмон дар бораи зарбаи коронавирус ба иқтисоду хоҳишаш аз мардум: саломатӣ асосист

Ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти Эрон хабар дода буд, ки дар баробари беҳбуд шудани вазъи саломатии 123 нафар мубтало ба коронавирус, шумори ҷонбохтагон ба 43 нафар расид.

Вазорати тандурӯстӣ, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон бо эъломи ибтилои 593 нафар ба коронавирус дар ин кишвар гуфт, то кунун 123 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0