16:26 25 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
275 0 0

Як шаҳрванди хориҷие, ки тавассути хатсайри "Аэирофлот"-и Русия ба Пекин парвоз дошт, ба бемории коронавирус мубтало будааст

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Аз як мусофире, ки тавассути Маскав аз Эрон ба Пекин парвоз дошт, вируси корона ошкор кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуоти сафорати Русия дар Чин хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки мард тавассути фурудгоҳи Шеремтево аз Эрон ба Чин парвоз кардааст.

"Бино бар иттилои Кумитаи тандурустии Пекин, аз як шаҳрванди хориҷие, ки 29 феврал тавассути хатсайри SU204, ширкати ҳавоии русии "Аэрофлот" ба Пекин бармегашт, ташхиси бемории сироятии вируси корона мусбӣ арзёбӣ шуд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ин робита, 20 мусофир ва 15 узви ҳайати халабон ба муассисаи махсусе барои гузаштан аз ташхиси тиббӣ ҷой дода шудаанд.
Феълан, аз нафаре аз онҳо нишонаҳои беморӣ пайдо нашудааст.

Афзоиши мубталоён ба коронавирус дар Эрон: фавти 11 нафар дар як шабонарӯз аз вирус

Ҳамчунин, бино бар иттилои мақомоти чинӣ, нафаронеро, ки дар ҳавопаймо дар назди бемор менишастанд, ба карантини 14-рӯза равон кардаанд.

 

Ба мусофирони дигар ҷавоб додаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ