06:47 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
428 0 0

Қаблан размикори муҳорибаи омехта Александр Емеляненко дар ҳаққи Тина Канделак суханҳои нораво сазовор донист. Аммо дар наворе, ки Рамазон Қодиров онро сабт намудаст, Емеляненко расман аз Канделак узр пурсидааст

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Раисҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров навореро сабт намудааст, ки дар он размикори муҳорибаҳои омехта Алекандр Емеляненко расман аз ровии телевизион ва продюсери телевизиони Матч ТВ, Тина Канделак узр пурсидаст.

Навори мазкурро худи Канделак дар сафҳати Твиттери худ нашр накардааст.

Узрхоҳии Емелянко баъди он сурат гирифт, ки Канделак аз рафтори размикори номӣ эърод гирифта изҳор дошт, ки Емеляненко ба дастгирии сиёсатмадори бонуфуз ба мисли Рамазон Қодиров сахт ниёз дорад.

Аммо худи Емеляненко дар посух ба пешниҳоди Канделак алайҳи ӯ суханони нораворо сазовор донист.

"Занг ва ваъдаи Қодиров ба Отамбоев": даъвати роҳбари Чеченистон барои шоҳидӣ

Бар тибқи иттилои РИА Новости размикори рус, Алекандр Емеляненко борҳо барои майнӯшӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Бори охир номбурда барои содир намудани майдаавбошӣ ба мӯҳлати 7 рӯз дар Анапа дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигаҳдорӣ мешуд.

Барчаспҳо:
узрхоҳӣ, навор, Рамазон Қодиров

Мавзӯъҳои асосӣ