01:14 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
959 0 0

Маризии сироятии коронавирус феълан дар тамоми дунё ҷони даҳҳо ҳазор нафарро рабудаст. Сабабгори лағв шудани чорабиниҳои бузурги варзишӣ ва дигар маъракаҳои муҳими ҷаҳонӣ гардидааст. Ҳамзамон ин маризӣ тарзи дурус салом карданро низ иваз кард

ДУШАНБЕ, 5 марта – Sputnik. Дар аксар кишварҳои ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз маризии сироятии коронавирус одамон ба ҳамдигар бо даст салом намекунанд. Алъон, ҷойи дастфишориро тарзҳои нави салом кардан иваз намудааст.

Дар Эрон, ки ҳудуди 2,9 ҳазор нафар дардманди коронавирус мебошанд, аз дастфишорӣ бо ҳам худдорӣ мекунанд.

Шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ, ки акнун бо пой ба ҳам салом мекунанд, ин тарзи нави саломро сабт карда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудаанд.

Зимнан, чанде пеш Вазири умури хориҷии Олмон, Хорст Зеехофер низ изҳор дошта буд, ки дар робита ба маризии коронавирус тасмим гирифтааст, бо нафаре дастакӣ салом намекунад.

Далели ин гуфтаҳои Хорст дар вохӯрии ӯ бо канслери Олмон Ангела Меркел баръало дида шуд.

Ҳарчанд Меркел барои салом кардан бо Вазири умури хориҷии Олмон даст дароз кард, аммо вазир танҳо саломи ӯро бо сарҷунбонӣ алейк гуфт ва аз дастфишорӣ бо Меркел худдорӣ кард.

Эрон аз беҳбуд ёфтани ҳолати саломатии 552 нафар аз мубталоён ба коронавирус хабар дод

​Губернатори иёлати Небраскаи Амрико, Пит Рикеттс аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки ба ҳамдигар бо оринҷ салом кунанд. Худи ӯ аснои мулоқот бо нафароне, ки ба карантин фаро гирифта шудаанд, мазҳ бо оринҷи даст салом кард.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Арабистони Саудӣ, адои Ҳаҷҷи Умра муваққатан боздошта шуд. Ҳамзамон, дар Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар ба хотири пешгирӣ аз маризии сироятии коронавирус, баргузории намози ҷамоатӣ комилан манъ гардид.

Хушбахтона дар Тоҷикистон ҳоло мавориди гирифторӣ ба маризии коронавирус сабт нашудаст ва ҳукумати ҷумҳурӣ низ, ба хотири роҳ наёфтани ин беморӣ ба Тоҷикистон чандин тадобирро пиёда намудааст.

Барчаспҳо:
навор, даста, "Салом"

Мавзӯъҳои асосӣ