Дар Эрон 700 мубталои вируси корона шифо ёфтанд

© AP / Vahid SalemiПрохожий в медицинской маске на улице Тегеран
Прохожий в медицинской маске на улице Тегеран - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
То кунун беш аз 96 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 53 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3288 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд

ДУШАНБЕ, 5 март – Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, токунун 739 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд. Дар ин бора "Парстудэй" иттилоъ медиҳад.

Маленькая девочка смотрит на иллюстрацию коронавируса на экране смартфона, Италия - Sputnik Тоҷикистон
Эрон коронавирусро силоҳи биологии Амрико арзёбӣ кард

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобит умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҷамъи хабарнигорон бо ишора ба ибтилои 3513 нафар ба вируси корона дар кишвар гуфт, муттаассифона токунун 107 нафар бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Густариши вируси корона декабри 2019 аз шаҳри Вуҳони Чин оғоз шуд ва зоҳиран сарчашмаи он, ҳайвоноти ғайроҳлӣ будааст.

Ин вирус акнун илова бар 30 устони Чин ба 86 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Эрон аз беҳбуд ёфтани ҳолати саломатии 552 нафар аз мубталоён ба коронавирус хабар дод

Бар асоси охирин омор, токунун беш аз 96 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 53 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва 3288 нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0