Ҳамла дар Кобул 27 кушта 55 захмӣ бар ҷой гузошт

© AP / Rahmat Gul, FIleАфганские военные. Архивное фото
Афганские военные. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар наздикии пойтахти Афғонистон дар маросими гиромидошт аз 25-умин солрӯзи шаҳодати Абдуалӣ Мазорӣ ҳангоми суханронии Муҳаммадкарим Халилӣ раҳбари ҳизби ваҳдати исломӣ тирандозӣ сурат гирифт

ДУШАНБЕ, 6 мар – Sputnik. Бино бар иттилои Sputnik Афғонистон дар ин маросим Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Салоҳуддин Раббонӣ, вазири хориҷаи пешини Афғонистон, доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия, Муҳаммадкарим Халилӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, роҳбари ҳизби ваҳдати мардуми Афғонистон ва дигар сиёсатмандону шумори зиёди аз сокинони шаҳри Кобул ҳузур доштанд.

Главное исполнительное лицо Исламской республики Афганистан Абдулла Абдулла - Sputnik Тоҷикистон
Сӯиқасд ба доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Кобул

Бино бар иттилои манбаъ, то кунун ҳеҷ як гурӯҳе масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтааст. Толибон ҳам бо нашри як изҳорот масъулияти ин ҳамларо бар дӯш нагирифтанд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати умури дохилаи Афғонистон хабар додааст, ки  дар ин ҳамлаи хунин, ки дар наздикии шаҳри Кобул сурат гирифт 27 нафар кушта ва 55 нафари дигар маҷрӯҳ шуд.    

Ёдрас мешавем, ки як манбаъи Sputnik Тоҷикистон дар Кобул, ки дар маҳалли ҳодиса қарор дорад, мегӯяд, ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроия ва яке аз муддаиёни курсии президенти Афғонистон сӯиқасди мусаллаҳона шудааст.

Ба қавли ӯ, як гурӯҳи ношиноси мусаллаҳ ба ҷаласае, ки он ҷо Абдуллоҳ Абдуллоҳ қарор дошт, ҳамла кардааст.

"Пас аз суханронии Абдуллоҳ Абдуллоҳ яке аз раҳбарони ҳазораҳо Халили Каримӣ ба минбар баромад ва тақрибан пас аз ду дақиқаи суханронии ӯ тирпаронӣ шурӯъ шуд", - гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.

Ин ҷаласаи ёдбуди Абуалии Мазорӣ, роҳбари таърихии ҳазораҳо ва асосгузори Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон буд, ки соли 1996 аз сӯи Толибон кушта шуд. Толибон ӯро аз чархбол поён андохта буданд.

Маросими ёдбуд дар маҳалли Дашти Барчӣ, воқеъ дар Ғарби Кобул, маҳалли умдатан ҳазоранишини Кобул, пойтахти Афғонистон баргузор мешуд.

Лентаи хабарҳо
0