22:24 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
916 0 0

Арабистони Саудӣ ба хотири пешгирӣ аз коронавирус, донишгоҳҳо, мактабҳо ва фаолиятҳои омӯзишӣ дар масҷидҳоро таътил эълом кард

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бино бар иттилои ожонсии иттилоотии SPA бино бар паҳншавии коронавирус дар Арабистони Саудӣ, вазири маорифи ин кишвар қароре ба имзо расондааст, ки тибқи он тамоми муассисаҳои таълимӣ ба таҳсили фосилавӣ гузаштанд.

“Аз рӯзи душанбе донишгоҳҳо ва муассисаҳои омӯзишӣ дар ин кишвар барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус то иттилои баъдӣ таътил аст ва омӯзиши донишҷӯён ва донишомӯзон тариқи омӯзиш аз роҳи дур пайгирӣ мешавад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Арабистон бо эъломи таътилии марказҳои омӯзишӣ, шаҳри Қатиф дар вилояти Аш-Шарқия дар шарқи Арабистон барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус ба сурати муваққат карантин ва фаолияти бахшҳои давлатӣ ва муассисоти хусусӣ дар ин шаҳр мутаваққиф шуд.

Вазорати беҳдошти Арабистон аз сабти чаҳор мавриди нави коронавирус дар ин кишвар хабар дод ва шумори ашхоси мубтало ба коронавирусро дар маҷмӯъ 11 тан эълом кард.

Барчаспҳо:
таътил, масҷид, омӯзиш, донишгоҳ, вирус, Арабистони Саудӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ