07:39 30 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.42
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
164 0 0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дувуми ҷаҳон ба Маскав намеояд

ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Доналд Трамп наметавонад барои таҷлили 9 май ба Маскав сафар кунад, хабар додааст ба РИА Новости котиби президенти Русия Дмитрий Песков.

Вай афзудааст, ки ин маълумотро дар Кремл бо роҳҳои дипломатӣ дастрас карданд.

Далели наомадани Трамп номаълум аст ва ҳайъати Амрико низ дар рӯзи таҷлили Иди Ғалаба тасдиқ нашудааст ва маълум ҳам нест.

Пештар Доналд Трамп даъватномаи ҷониби Русияро дар бораи иштирок дар ҷаашни Ғалаба қабул кард, аммо дар бораи иштирокаш посухе надода буд.

Майки хурдакак, ангуштатро налес: масхараи Трамп аз номзад ба раёсатҷумҳури Амрико - видео

Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи Ғалаба моҳи май ба Маскав сафар мекунад.

Имсол 9 май,75-солагии пирӯзӣ бар фашизмро дар Русия бошукӯҳ таҷлил мекунанд.

Барчаспҳо:
Маскав, ғалаба, Доналд Трамп, Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ

Мавзӯъҳои асосӣ