Эрон роҳи табобати коронавирусро ёфт?: наздик ба се ҳазор нафар беҳбуд ёфтанд

© Sputnik / Anton Bystrov / Гузариш ба медиабонкЖители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках
Жители Тегерана идут по одной из центральных улиц в медицинских масках - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 2 ҳазору 731 нафар аз касоне, ки дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт то кунун ҳашт ҳазору 42 нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба коронавирус мубтало шудаанд.

Отравившиеся алкоголем граждане Ирана - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати 28 нафар баъди нӯшидани машруботи спиртӣ барои пешгирӣ аз коронавирус дар Эрон

Вай афзуд, мутаассифона, 291 нафар низ ба иллати ибтило ба ин вирус ҷон бохтаанд.

Вазъи 913 мубталои коронавирус дар Эрон беҳбуд ёфтааст

Густариши вируси корона моҳи декабри соли 2019 аз шаҳри Вуҳани Чин оғоз шуд ва зоҳиран маншаи он ҳайвоноти ваҳшӣ будааст. Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 110 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Мақомдори Эрон мегӯяд, коронавирус то 20 март 40 дарсади сокинони Теҳронро сироят мекунад

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 114 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод беш аз 64 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва беш аз 4 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Лентаи хабарҳо
0