Пас аз боздиди раисҷумҳур вазъият дар Вуҳан рӯ ба беҳбуд ниҳод: аксар идораҳо фаъол шуданд

© REUTERS \ Instagram / EmiliaРедкие покупатели в супермаркете Уханя, Китай
Редкие покупатели в супермаркете Уханя, Китай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Вуҳани Чин, пас аз ташрифи раисҷумҳур Си Ҷин Пин зиндагии сокинон равиши нав касб намуд. Зеро бо қарори кишвардор ба аксар идораҳои давлатӣ иҷозати фаъолият кардан дода шуд

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар шаҳри Вуҳани Чин аксар идораҳои давлатӣ пас аз боздиди раисҷумҳури ин кишвар Си Ҷин Пин ба фаъолият пардохтанд.

Коронавирус нового типа зарегистрирован в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Сардухтури 51 - солаи беморхонаи Вуҳан аз коронавирус фавтид

Қаблан дар ин шаҳр дар робита ба даҳшати коронавирус, фаъолияти ҳамаи корхонаву идораҳои давлатӣ ва хусусӣ муввақатан боздошта шуд.

Акнун, кори чандин идораҳои давлатӣ, ки дар самти хизматрасонии давлатӣ ва тандурустӣ фаъолият мекарданд, дигарбора ҷоннок гардид.

Гуфта мешавад, идораҳо ва созмонҳои хориҷӣ иҷозатномаи корро танҳо пас аз  20 - уми март  хоҳанд гирифт ва дақиқан маълум нест, ки ба онҳо иҷозати фаъолият дода мешавад ё не.

Даҳшат: пизишкони Вуҳан рӯяшонро баъди пӯшидани ниқоби зидди коронавирус нишон доданд

Дар ҳамин ҳол, дар Вуҳан дари макотибу донишгоҳҳо ҳамоно баста аст, вале маҳдудияти қатъӣ, ки қаблан барои равуойи сокинон ҷорӣ шуда буд, то андозае сабук гардида шудааст.

Пустынная улица в Ухане, Китай - Sputnik Тоҷикистон
Донишҷӯи тоҷик дар Вуҳан гуфт, чигуна худро аз "вируси тоҷдор" ҳифз мекунад

Сокинони Вухан феълан аз барномаи мобилӣ истифода мебаранд, ки вазъи саломатии онҳоро нишон медиҳад. Агар дар рамзи саломатии онҳо ранги "сабз" бошад, метавонанд озодона ҳаракат кунанд. Ранги сабз шаҳрвандонеро ифода мекунад, ки ҳеҷ гоҳ сироят нашудаанд, зард бошад, онҳое мебошанд, ки бо ин беморӣ дар тамосанд.

Шаҳрвандоне, ки дар телефони дастии онҳо дар рамзи саломатияшон ранги сурх пайдо мешавад, онҳо гирифтори ин маризӣ ҳастанд ва фавран ба карантин гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, теъдоди барзиёди қурбониёни маризии коронавирус ба шаҳри Вуҳани Чин рост меояд.

Лентаи хабарҳо
0