21:27 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
211 0 0

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ эҳтимол мекунад, ки вируси корона хавфи ба пандемия мубаддал гаштанро дорад

ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Бо афзун шудани шумораи беморони коронавируси COVID-19 хавфи ба пандемия  мубаддал гаштани ин  беморӣ воқеӣ гардид.

Тавре Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ин бора  роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  Тедрос Адханом Гебрейесус  иттилоъ  дод. Ба қавли ӯ , бемории  номбурдаро  метавон назорат намуд.

"Акнун, ки коронавируси нав  дар кишварҳои зиёд паҳн шудааст, хатари пандемия воқеӣ  аст.  Аммо, ин дар таърих аввалин  пандемияе мебошад, ки онро назорат кардан мумикин аст"- гуфтааст ӯ дар сӯҳбат бо рӯзноманигорон дар Женева.

Пандемия бемориест, ки  табиати оммавӣ дошта,  ба  тамоми аҳолӣ  асар менамояд, дар қаламрави  кишвар, ҳамсоякишварҳо ва ё ба дигар давлатҳои   ҷаҳон низ паҳн мешавад.

Пас аз боздиди раисҷумҳур вазъият дар Вуҳан рӯ ба беҳбуд ниҳод: аксар идораҳо фаъол шуданд

Ёдрас менамоем, ки шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд. Вирус берун аз ҳудуди Чин низ паҳн гаштааст, ки бори нахуст он охири соли 2019 ошкор гардида буд.  Дар Русия 23 ҳолати беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ