22:30 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
528 0 0

Эраҷ Ҳарирчӣ муовини вазири беҳдошти Эрон, ки ба маризии сироятии коронавирус мубтало гардида буд, шифо ёфт ва феълан ба ифои вазифаи худ баргашт

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Хабари шифо ёфтани Эраҷ Ҳарирчиро худи Вазири беҳдошти Эрон, Саид Намакӣ эълон намудаст. 

Ба иттилои котиботи Вазорати беҳдошти ин кишвар, муовини вазир феълан комилан сиҳат аст ва аллакай ба кор баромадааст.

Гуфта мешавад, алъон муовини вазир ба маркази музофотҳо ва шаҳру ноҳияҳо сафар намуда, вазъи мубориза алайҳи ин маризиро назорат мекунад.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Абос Аслонӣ як хабарнигори эронӣ дар сафҳаи Twitter- и худ муроҷиати видеоии муовини вазири беҳдошти Эронро нашр кардааст, ки дар он Эраҷ Ҳарирчӣ мегӯяд, мубталои маризии коронавирус шудааст.

"Ҳолам хуб аст ва як миқдор хастагӣ дорам, таб доштам, ки иншоАллоҳ паст мешавад. Мехостам бароятон бигӯям, ки мутмаин бошед, ки бо талошҳои шумо, Вазорати беҳдошт ва пуштибонии давлат, зарфи чанд ҳафтаи охир дар муқобили ин короновирус пирӯз хоҳем шуд. Мутмаин бошед, ки мо короноро шикаст медиҳем, аз таҳи қалб инро мегӯям", - афзуда буд ӯ.

Ёдрас мешавем, коронавирус, ки ҳамагӣ 3 моҳ қабл дар Чин пайдо шуд, дар муддати кӯтоҳ ба 114 кишвари ҷаҳон паҳн гашт. Тибқи омори ахир дар натиҷаи вируси корона шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд.

Барчаспҳо:
муовини вазир, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ