Муфтии Ӯзбекистон иҷозат дод, ки намози панҷвақта ва ҷаноза дар хона гузошта шавад

© Международный пресс-клубУсмонхон Алимов - Председатель управления мусульман Узбекистана, муфтий
Усмонхон Алимов - Председатель управления мусульман Узбекистана, муфтий - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаммаи масҷидҳо ва таҳоратхонаҳо бо тавсияи Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус безараргардонӣ мешаванд

ДУШАНБЕ, 17 мар— Sputnik. Усмонхон Алимов, муфтии Ӯзбекистон ба мусалмонони кишвараш иҷоза додааст намози панҷвақта ва ҷанозаро дар хонаҳояшон гузоранд.

Школьница в медицинской маске на улице Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Қатъи таҳсил дар Ӯзбекистон: сар аз имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ карантин эълон шуд

“Тон он даме, ки дар кишвар вазъи эпидемологӣ ба ҳолати эътидол дарояд, гузоштани намози панҷвақта дар хона иҷоза дода мешавад”,- гуфтааст ӯ дар яке аз шабкаҳои телевизионии маҳаллӣ.

Муфтӣ ҳамчунин қайд кардааст, ки намози ҷаноза низ дар хона бо иштироки наздикон сурат бигирад.

 Усмонхон Алимов, ҳамчунин аз кулли мусалмонони Ӯбекистон хостааст, ки тавсияҳои Вазорати тандурустиро ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳатмӣ риоят кунанд.

Ҳаммаи масҷидҳо ва таҳоратхонаҳо бо тавсияи Вазорати тандурустӣ барои пешгирӣ аз коронавирус безараргардонӣ мешаванд.

Нахустин ҳолати гирифтории коронавирус дар Ӯзбекистон 15 март. Аз тани як шаҳрванди ин кишвар, Ки аз Фаронса меомад пайдо шудаас. Ҳамчунин давоми ин рӯз тести мусофири хатсайри Истанбул-Тошканд низ мусбат гашт. Чор ҳолаи мубаталоёни ин беморӣ рӯзи гузашта пайдо шуд. Ки минашон кӯдаки хурдсол низ будааст.

Дар робита ба ин ҳукумати Ӯзбекистон ҳамагуна чорабиниҳои оммавиро қат,Парвозҳояшро бо баъзе кишварҳо лағв  ва сарҳадоташро баст. Таҳсил низ дар муассисаҳои талимӣ муваққатан қатъ гардид.

Лентаи хабарҳо
0