Расонаҳо: дар сурати афзоиши мубталоёни коронавирус дар Маскав карантин эълон мешавад

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкБольшая Дорогомиловская улица и небоскребы делового центра "Москва-сити"
Большая Дорогомиловская улица и небоскребы делового центра Москва-сити - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар сурати афзоиш ёфтани теъдоди мубталоёни маризии сироятии коронавирус дар Маскав ба фаъолияти марказҳои савдо, тарабхонаву қаҳвахонаҳо маҳдудият ҷорӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Васоити ахбори оммаи Русия менависад, эҳтимол дар шаҳри Маскав дар робита ба маризии коронавирус карантин эълон шавад.

Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Дар Русия дар робита ба коронавирус вазъи фавқуллода эълом мешавад?

Зимнан, ба фаъолияти Марказҳои савдо, қаҳвахона ва тарабхонаҳо низ маҳдудият ҷорӣ мешавад.

Бар тибқи маълумотҳо, дар Маскав сар аз 20 - уми март карантин эълон хоҳад шуд. Бо ҷорӣ гардидани карантин, дар баробари маҳдудияти марказҳои савдо, тарабхонаю қаҳвахонаҳо ҳамчунин вуруди хориҷиҳо низ ба шаҳр муваққатан манъ карда мешавад.

"Рекорд": дар Русия шумораи гирифторони коронавирус якбора афзуд

Тадбири шадидтарин баста шудани нақлиёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла метро ба ҳисоб меравад, аммо ба гуфтаи манбаъҳо, мақомот ин корро танҳо дар шароити мушкилтарин анҷом медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки шумораи гирифторони коронаиврус дар Русия рӯ ба афзоиш аст. То санаи 17 - уми март дар қаламрави ин кишвар 63 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардидааст, ки 33 ҳолат ба шаҳри Маскав рост меояд.

Лентаи хабарҳо
0