02:17 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
637 0 0

Бо густариши коронавирус дар сартосари ҷаҳон дар аксари кишварҳо ва сабти беш аз ҳафт ҳазор фавтидагон бар асари ин вирус Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар бораи истифодаи худсаронаи баъзе аз доруҳо ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Созмони ҷаҳонии Беҳдошт таъкид доштааст, дар ҳисоби “Твиттер”-и худ эълом кард, бархе аз афроди машкук ба олудагӣ ба коронавирус ин рӯзҳо бидуни муроҷиа ба пизишк аз баъзе доруҳо барои дармони худ истифода мекунанд, иттилоъ додааст РИА Новости.

Ин созмон таъкид доштааст, ки то кунун ҳеҷ доруе бар зидди коронавирус вуҷуд надорад.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳамчунин ба афроди машкук ба коронавирус тавсия додааст, ки аз истифодаи антибиотикҳо ва бархе доруҳое, ки барои дармони зуком истифода мешавад, худдорӣ намоянд.

Намояндагони Созмони ҷаҳонии беҳдошти қайд намуданд, ки бемории коронавирус бадтарин буҳрони саломатӣ дар ҷаҳон аст, ки шумори куштаҳо ва мубталоёни он дар ҷаҳон аз омори сабтшуда дар Чин пуршумортар хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар истинод ба омори ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар додааст, ки ба ҳолати субҳи 17 марти соли равон шумораи гирифторони  коронавирус дар Россия ба 93 нафар, дар Арманистон ба 52, дар Беларус ба 36, дар Молдова ба 29, дар Қазоқистон ба 13 ва дар Ӯзбекистон ба 8 нафар расид.

Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар Озарбойҷон ва Украина шумораи сироятёфтагон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 25 ва 7 нафарро ташкил медиҳад. 

Манбаъ ёдрас шудааст, ки чанд рӯз пеш шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 63 нафар, дар Арманистон — 30, дар Беларус — 27, дар Молдова — 23, дар Қазоқистон — 9 ва дар Ӯзбекистон — 6 нафар буд.

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои манбаъ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Барчаспҳо:
истифода, вирус, фавтидан, ҳушдор, кишварҳо, Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Мавзӯъҳои асосӣ