Додгоҳ Гулнора Каримоваро барои 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкГульнара Каримова. Архивное фото.
Гульнара Каримова. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Тошканд имрӯз ҳукми ниҳоии Гулнора Каримова, духтари собиқ раисиҷумҳури Узбекистон  ва шариконаш содир гаштааст

ДУШАНБЕ, 18 март — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Тошканд, муҳлати ҳабси Гулнора Каримова, духтари собиқ раисиҷумҳури Узбекситон, Ислом Каримовро зиёд кардааст.

Гульнара Каримова - Sputnik Тоҷикистон
Пулу моламро ба давлат мебахшам: мактуби Гулнора Каримова ба Шавкат Мирзиёев

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Ӯзбекистон Гулнора Каримов ба 13 солу 4 моҳ равонаи зиндон шуд.

Манбаъ мегӯяд, духтари собиқ президент бо ҷиноятҳои марбут ба тамаъҷӯӣ, азхудкунии маблағҳои буҷа ва пулшӯӣ дар кишварҳои хориҷӣ муттаҳам шудааст.

Ҳукми зиндон ба Каримова дар ҳолесат, ки ӯ авохири моҳи феврал ба унвонии Шавкат Мирзиёев, президенти феълии Ӯзбекистон нома навишта, бар ивази сарваташ дархости озодӣ карда буд.

Гулнора Каримова дар номаи худ изҳор карда буд, ки ба ивази озодӣ, омода аст аз баҳри пулу дороиҳои хонаводааш гузарад. Матни мактуби Гулнора Каримоваро духтари ӯ Имон Каримова дар сафҳаи худ дар Instagram ҷой додааст.

Гулнора Каримова афзудаст, ки давоми чанд соле, ки дар зиндон ба сар мебарад, вазъи саломатии ӯ бад шуда ниёз ба ду ҷарроҳии фаврӣ дорад.

Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Прокуратураи генералӣ тафтишоти парвандаи Гулнора Каримоваро ба анҷом расонд

"Барои ҳифзи саломатии худ ва сарҷамъии хонаводаам, омода ҳастам аз баҳри даъвоҳо барои моликияти хонаводагиямон дар бонки Швейтсария гузарам ва 686 миллион долларе, ки дар ин бонк маҳфуз аст бидуни кашмакашҳои судӣ ба фоидаи давлат ихтисос диҳам", - гуфтааст Каримова.
Ӯ аз рафти мурофиаҳои додгоҳӣ изҳори нигаронӣ намуда афзудаст, ки ҳамаи муроҷиатҳои ӯ сарфи назар мешаванд. Ба боварии Каримова, агар давлат ба пешниҳоди ӯ бархӯрди оқилона намояд, ҳатман бурд мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Гулнора Каримова ҳанӯз моҳи августи соли 2015 барои тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор дониста шуд ва 18 - уми декабри соли 2017 барои содир кардани боз як ҷинояти дигар ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон шуд.

Моҳи августи соли 2019 Додситони кул алайҳи духтари нахуст президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова парвандаи ҷиноӣ боз намуда, ӯро дар сирқати маблағҳои давлатӣ ва бастани созишномаҳо бар хилофи манфиати кишвар айбдор донист.

 

Лентаи хабарҳо
0