22:54 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
443 0 0

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 5 ҳазору 389 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, то кунун 16 ҳазору 169 нафар ба вируси корона мубтало шудаанд.

Бино бар иттилои хабаргузории "Parstoday", Киёнӯши Ҷаҳонпур афзуд, мутаассифона, то кунун 988 нафар низ бар асари ибтило ба ин вирус ҷони худро аз даст додаанд.

Вируси корона, ки номи расмии он COVID-19 аст, авохири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин шиносоӣ шуд. Ин вирус акнун илова бар Чин ба беш аз 160 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Ёдрас мешавем, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар истинод ба омори ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар додааст, ки ба ҳолати субҳи 17 марти соли равон шумораи гирифторони  коронавирус дар Россия ба 93 нафар, дар Арманистон ба 52, дар Беларус ба 36, дар Молдова ба 29, дар Қазоқистон ба 13 ва дар Ӯзбекистон ба 8 нафар расид.

Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, дар Озарбойҷон ва Украина шумораи сироятёфтагон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 25 ва 7 нафарро ташкил медиҳад. 

Манбаъ ёдрас шудааст, ки чанд рӯз пеш шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 63 нафар, дар Арманистон — 30, дар Беларус — 27, дар Молдова — 23, дар Қазоқистон — 9 ва дар Ӯзбекистон — 6 нафар буд.

Дар ҳамин ҳол, бино бар иттилои манбаъ дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард.

Бар асоси охирин омор, то кунун беш аз 184 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ҳудуди 80 ҳазор нафар беҳбуд ёфтаанд ва дастикам 7 ҳазор нафар низ ҷони худро аз даст додаанд.

Барчаспҳо:
мураххас мешавад, беморӣ, пизишк, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ