22:25 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
4145 0 0

Хондани Қуръони Карим ба таври шабонарӯзӣ, ҳамчун муроҷиат ба Аллоҳи Таъоло барои рафъи бемории сироятии коронавирус мебошад

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус, шабонарӯз сураҳо аз китоби муқаддаси Қуръон тиловат мешаванд, хабар медиҳад котиботи Шӯрои муфтиёти Русия.

Роҳбари Идораи рӯҳонии мусулмонони Русия фармон додааст, ки сар аз 17 - уми март, 24 соат сураҳо аз китоби Қуръон хонда шавад.

"Дар ин рӯзҳои ҳассос, тиловати сураҳои Қуръони маҷид, муроҷиати бандагон ба Худованди бузург аст, ки ба паҳншавии ин офати бераҳм аз дунё хотима гузошта шавад", - омадааст дар хабар.

Қаблан роҳбари Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия даъват намуда буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз маризии коронавирус аз сафар ба ҳаҷ, дастфишорӣ ва дастбӯсӣ то як муддат худдорӣ карда шавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон иттиҳодияҳои динӣ тамоми чораҳоро барои таъмини муҳити бехатар барои мӯъминон андешида истодаанд.

Ҳашт намуд: Чин барои озмоиши ваксин алайҳи коронавирус довталабон меҷӯяд

Зимнан, дар робита ба паҳн шудани коронавирус дар бисёр кишварҳои мусалмон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, намозҳои дастаҷамъӣ дар масҷидҳо боздошта шуданд.

Зеро, чанде қабл Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемияи  эълон кард, чун дар 135 кишвар аллакай 202,5 ҳазор нафар сироят ёфтаанд.

Барчаспҳо:
Москва, масҷид, Қуръони Карим

Мавзӯъҳои асосӣ