22:33 26 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
1258 0 0

Теъдоди аксари дардмандони маризии сироятии коронавирусро шаҳрвандоне ташкил медиҳанд, ки аз кишварҳои аврупоӣ ворид шудаанд

ДУШАНБЕ, 18 мар — Sputnik. Дар шаҳри Маскав шумораи маризони коронавирус рӯ ба афзоиш аст. Танҳо давоми як шабонарӯз дар Русия 33 ҳолати нави гирифторшавӣ ба бемории коронавирус сабт гардидааст, ки 31 мавриди он ба шаҳри Маскав рост меояд.

Ду ҳолати гирифторшавии дигар дар вилоятҳои Томс ва Новосибирск ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар Маскав миёни сироятёфтагон ҳамчунин як кӯдак низ қарор дорад.

Бар хабари Хадомати пешгӯӣ ва назорати бемории коронавирус, аксари шаҳрвандони дардманд аз кишварҳое чун, Олмон, Италия ва Испания вориди Русия гардидаанд.

Шумори гирифторони коронавирус дар Ӯзбекистон ба 15 нафар расид

Зикр мегардад, ки алъон шумораи умумии маризони коронавирус дар Русия ба 147 нафар расидааст. Ҳамаи дардмандон дар утоқҳои махсус ҷой  дода шуда, зери назорати шадиди табибон қарор доранд.

 

Ёдовар мешавем, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Қирғизистон низ се ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус сабт гардида буд. Алъон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, Тоҷикистон ва Туркманистон аз ин маризии даҳшатбор эмин мондаанд.

Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (422)
Барчаспҳо:
афзоиш, маризӣ, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ