Додгоҳи Маскав ҳукми ду ташкилкунандаи муноқишаи маргбори қабристони Хованскро содир кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкХованское кладбище в Москве, архивное фото
Хованское кладбище в Москве, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳи шаҳри Москва ҳукми ду тан аз ташкилкунандагони муноқишаи маргбори қабристони Хованскро, ки аз пурсарусадотарин парвандаҳо ба шумор меравафт, пас аз чор сол содир кард

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Дар ин бора Юлия Иванова, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия хабар дода, гуфтааст додгоҳ Георгий Макарев, раҳбари ташкилоти “Миллати солив” ва яке аз баргузоркуннадагони муноқишаи қабристони Хованскро барои 3 солу 9 моҳ равонаи зиндони низомаш умумӣ кардааст.

Бывший директор Хованского кладбища Юрий Чабуев в Пресненском суде Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳи олӣ шикояти маҳкумшудаҳо барои марги тоҷикон дар “Хованск” – ро рад кард

Ба иттилои манбаъ, додгоҳ ҳамчунин иштирокчии дигар ин муноқиша Шоҳмаҳмад Шаптуркаевро барои ду солу ду мо равонаи зиндони низомаш сахт кардааст.

 Ба иттилои манбаъ, ҳардуи ин нафарон бо иттиҳоми ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор мешаванд.

Манбаъ мегӯяд, тафтиш муайян кард, ки  раҳбари “Созмони миллати солим” Макарев тазоҳуротро ташкил карда, Шаптуркаев мустақиман баро берун кардани муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон аз қабристон ҷалб шудааст.

Қаблан, Александр Бочарников, ташкилкунандаи ин бетартибиҳо барои 9 сол равонаи зиндони низомаш шадид шуд.

Ҳамчунин соли гузашта додгоҳ Юрий Чабуев, собиқ роҳбари шуъбаи 3-юми хадамоти марбут ба дафн - “Ритуал”, барои ташкили занозании маргбор ҳамроҳ бо 17 муттаҳам вобаста ба нақшашон дар муноқиша ба 3,5 то 11 сол равонаи зиндон карда буд.

Бывший директор Хованского кладбища Юрий Чабуев в Пресненском суде Москвы - Sputnik Тоҷикистон
Додгоҳ ҳукми ташкилкунандаи занозании маргбор дар “Хованск”-ро эълон кард

Дар парвандаи мазкур 26 нафар айбдор мешуданд, ки ҳама муҳлатҳои хешро гирифтанд, танҳо ду нафар дар пайгарди байналмилалӣ қарор доранд.

Ёдовар мешавем, ки 14 майи соли 2016 дар назди даромадгоҳи асосии қабристони Хованск муноқиша ба вуҷуд омад, ки дар пайи он 3 зодаи Тоҷикистон ҳалок ва 30 нафари дигар захмӣ шуданд.

Кумитаи тафтишотӣ он замон гуфт, муноқишаро Владимир Белов, Георгий Макарев, Юрий Чабуев ва Александр Бочарников ташкил кардаанд: “Яке аз муттаҳамон гуноҳашро иқрор кард ва шоҳидӣ дод, ки гуноҳи дигаронро низ дар ин қазия исбот мекунад”.
Бино ба иттилои муфаттишон Чабуев, Макарев ва Бочарников ин муноқишаро бо мақсади бо роҳи зурӣ берун кардани муҳоҷирони тоҷик аз қабристони Хованское ташкил намуданд.

Лентаи хабарҳо
0