Арабистони Саудӣ дари масоҷиди Макка ва Мадинаро баст

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкПаломники в городе Медина
Паломники в городе Медина - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мусалмонон аз ҳаққи ворид шудан ба бузургтарин масоҷид дар шаҳрҳои Макка ва Мадина маҳрум гардиданд

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Арабистони Саудӣ тасмим гирифт дар робита ба паҳншавии маризии сироятии коронавирус, дари ду масҷиди бузург дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаро ба рӯи мусалмонон, барои муддати номаълум бубандад, хабар медиҳад шабакаи Al Arabiya.

Верующие  во время праздника Иди Курбон в центральной мечети Душанбе в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин: масҷидҳои Тоҷикистон рӯзи ҷумъа боз мешаванд!

Намояндаи Сарраёсати корҳо оид ба ду масҷид, Ҳани бин Ҳусни Ҳейда  дар ин робита тавзеҳ додааст, ки мӯъминон ба қаламрави масҷиди бузург дар Макка ва Масҷиди Паёмбар дар Мадина вуруд шудан ва намоз гузоштанро надоранд.

Ба гуфтаи ӯ, маҳдудият барои мусалмонон сар аз 20 - уми март ба ҳукми қонун медарояд, вале санаи лағви он то ҳол номаълум боқӣ мемонад.

Бо се мубталои коронавирус дар Қирғизистон беш аз 2 ҳазор нафар дар тамос буданд

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл ҳукумати Арабистони Саудӣ баргузории намози ҷамоатиро дар тамоми масоҷид манъ ва танҳо имкони намозгузорӣ дар ду масҷиди бузург дар шаҳрҳои Макка ва Мадинаро имконпазир гузошт. Аммо акнун вуруди мусалмонон ба ду масҷиди охирон низ манъ карда шуд.

Ҳамзамон, сар аз 27 - уми феврал вуруди хориҷиҳо аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон низ барои адои Ҳаҷи Умра ба Арабистони Саудӣ боздошта шуд.

Алъон 274 ҳолати сироятёбӣ ба маризии коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба қайд гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0