Врачи - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Сесад ҳазор бемор: омори охири маргу мир аз коронавирус дар ҷаҳон

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкУсиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом
Усиление санитарного контроля в аэропорту Внуково в связи с коронавирусом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз рӯи шумораи бештарини мубталоёни коронавирус дар ҷаҳон, Чин дар ҷои аввал, Италия дуюм ва ИМА сеюм мебошад. Шумораи умумии гирифторон аз 300 ҳазор бештар шудааст

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Шумораи гирифторони коронавируси навъи COVID-19 дар ҷаҳон ба беш аз 300 ҳазор нафар расида, шумораи фавтидагон марзи 13 ҳазорро убур кард.

Рӯзи 22 март афзоиши назарраси шумораи шифоёфтагон, мушоҳида шуда, тақрибан 96 ҳазор нафарро ташкил дод.

Субҳи рӯзи 21 март ин рақам беш аз 91 ҳазор нафар буд. Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт хабар медиҳад.

То субҳи 22 март шумораи умумии гирифторони коронавирус дар давлатҳои ИДМ ба 834 нафар расид.

  • Русия 306 нафар
  • Арманистон – 160
  • Молдова – 80
  • Беларус – 76
  • Қазоқистон – 56
  • Озарбойҷон – 53
  • Украина – 47
  • Ӯзбекистон – 42
  • Қирғизистон – 14 нафар ба қайд гирифта шуд.

Қаблан шумораи мубталоён дар Русия 253 нафар, дар Арманистон – 136, дар Молдова – 66, дар Белорус – 69, дар Қазоқистон – 52, дар Озарбойҷон – 44, дар Украина – 41, дар Ӯзбекистон – 33 ва дар Қирғизистон – 6 нафар буд.

Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муроҷиати ВУХ Тоҷикистон: оромиро нигоҳ доред

То имрӯз дар Русия 16 нафар, дар Беларус — 15, дар Озарбойҷон – 11, ва дар Арманистону Молдова ва Украина 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб гардиданд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатӣ фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд.

Миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя шумораи гирифторони коронавирус бетағйир — 24 нафар буда, аз миёни онҳо 1 кас аз беморхона ҷавоб шудааст.

Дар ҷаҳон аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, Чин, ки макони хуруҷи беморӣ мебошад, дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар ин кишвар 81 ҳазору 54 нафарро ташкил медиҳад, ҳарчанд коҳиши ҳолатҳои нав мушоҳида мешавад. Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои дуюм буда, дар он 53 578 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия мамлакати аврупоиест, ки дар он шумораи фавти баланд аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 4 825 нафарро ташкил медиҳад.

ИМА аз рӯи шумораи сироятшудагон дар ҷои сеюм буда, дар он 26 888 ҳолати коронавирус ба қайд гирифта шуд. Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар

  • Испания — 25 496
  • Олмон — 22 364
  • Эрон — 20 610
  • Фаронса— 14 459
  • Куреи Ҷанубӣ — 8 897
  • Швейтсария — 6 863
  • Бритониёи Кабир — 5 018.

Шумораи кишварҳо ва ҳудудҳои паҳншавии сироят меафзояд. СУТ имрӯз дар бораи беш аз 185 кишвар ва ҳудуд гузориш медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавируси нави COVID-19 охири моҳи декабри соли 2019 дар шаҳри марказии сераҳолии Чин – Вуҳани 12-миллиона ба қайд гирифта шуд. 11 март СУТ онро пандемия эълон кард.

Лентаи хабарҳо
0