15:26 02 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.41
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
552 0 0

Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки дар ин кишвар вазъи саломатии беш аз ҳашт ҳазор нафаре, ки ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд

ДУШАНБЕ, 23 мар – Sputnik. Мақомоти Эрон гуфт, дар баробари шумори зиёди беҳбуд ёфтагон, афзоиши шумори ҷонбохтагон низ ба қайд гирифта шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday".

Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон ахиран дар шаҳри Теҳрон дар ҷамъи хабарнигорон таъкид кардааст, ки дар ҳоли ҳозир шумори умумии мубталоён ба коронавирус 20 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин вай таъкид доштааст, ки мутаассифона, дар як рӯзи ахир ба сабаби коронавирус 123 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Дар ҳамин ҳол шумори умумии даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар Эрон 1556 нафарро ташкил додааст.

Ҳамзамон бо иқдомоти пешгирона ва дармонии давлати Эрон бо кӯмаки нерӯҳои мусаллаҳ, фароянди ташхиси зудҳангом, радёбии афроди дар тамос бо мубталоён, ҷудосозии беморон (карантин) ва дармони афроди мубтало ба коронавирус, бо ҳамроҳии ҳамаи қишрҳои мардуми Эрон басуръат дар ҳоли анҷом аст.

Барчаспҳо:
мақомот, шумор, бемористон, саломатӣ, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ