00:24 06 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.28
  • EUR11.63
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1052 0 0

Расонаҳои Арабистони Саудӣ дар бораи дастури подшоҳи Арабистон барои амалӣ намудани муқаррароти манъи омаду рафти шабона дар саросари ин кишвар хабар доданд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Малик Салмон ба манзури муқобила бо хурӯҷи коронавирус дар Арабистони Саудӣ дастур додааст, ки аз рӯзи душанбе ба муддати 21 рӯз муқаррароти омаду рафти шабона ҷорӣ шавад, иттилоъ додааст хабаргузории Форс дар истинод ба хабаргузории расмии Арабистон Саудӣ.

Бар асоси эъломи хабаргузории расмии Арабистони Саудӣ, аз рӯзи душанбе аз соати 7:00-и аср то 6:00-и субҳ дар сарорсари ин кишвар манъи рафту омад барқарор шуд.

Бар асоси охирин оморҳо, охирин оморҳои расмии эъломшуда аз сӯи давлати Арабистон, то кунун 511 нафар дар ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки қаблан Арабистон аз беми шуюи коронавирус, донишгоҳҳо, мактабҳо ва фаолиятҳои омӯзишӣ дар масҷидҳоро таътил эълом кард.

Вазорати омӯзиши Арабистони Саудӣ эълом кард, донишгоҳҳо ва муассисаҳои омӯзишӣ дар ин кишвар барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус то иттилои баъдӣ таътил аст ва омӯзиши донишҷӯён ва донишомӯзон тариқи омӯзиш аз роҳи дур пайгирӣ мешавад.

Арабистон бо эъломи таътилии марказҳои омӯзишӣ, шаҳри Қатиф дар вилояти Аш-Шарқия дар шарқи Арабистон барои пешгирӣ аз шуюи коронавирус ба сурати муваққат карантин ва фаолияти бахшҳои давлатӣ ва муассисоти хусусӣ дар ин шаҳр мутаваққиф шуд.

Барчаспҳо:
кишвар, омад, рафт, манъ, Арабистон, Арабистони Саудӣ

Мавзӯъҳои асосӣ