14:34 27 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.26
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
240 0 0

Қатъи даъвати баҳорӣ иқтидори низомии Ӯзбекистонро суст нахоҳад кард, зеро дар ҳайати асосии Қувваҳои Мусаллаҳ низомиёне дохил мешаванд, ки дар асоси шартнома хизмат мекунанд

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ӯзбекистон даъвати баҳории наваскаронро ба хизмат бинобар сабаби пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус боз доштааст.

"Даъвати навбатӣ ба хизмати ҳарбӣ бинобар вазъи душвори эпидемиологӣ бо коронавирус боздошта шуд", - хабар медиҳад РИА Новости ба нақл аз намояндаи Вазорати мудофиаи Ӯзбекистон.

Ба гуфти ӯ, чунин тасмим хатари сирояти коронавирусро дар  дар ҷойҳои серодам ва нуқтаҳои даъват коҳиш медиҳад.

Гуфта мешавад, қатъи давъвати баҳорӣ ба иқтидори низомии Ӯзбекистонро суст нахоҳад кард, зеро дар ҳайати асосии Қувваҳои Мусаллаҳ низомиёне дохил мешаванд, ки дар асоси шартнома хизмат мекунанд.

 Вазорати мудофиа низ қаблан, махсусан ҳамин хизматчиёнро барои муҳофизати ҷойҳое, ки пас аз кашфи коронавирус карантин ҷорӣ шуда буданд, ҷалб карда шуда буданд.

Қаблан Украина ва Гурҷистон низ аз қатъи даъвати баҳории наваскарон ба хизмати ҳарбӣ хабар дода буданд.

Ҳукумати Ӯзбекистон тайи ду ҳафтаи охир тамоми тамоми талошҳоро дорад то аз сирояти коронавирус пешгирӣ кунад. Барои ин дар кишвар тамоми маъракаҳои оммавӣ қатъ гардида, ахиран имрӯз Тошканд пурра каранти шуд.

Бар пояи омори ахир дар Ӯзбекистон зиёда аз 12,7 ҳазор нафар дар карантин, аз ҷумла 7,4 ҳазор нафар дар беморхонаҳо мебошанд.

Шумори мубталоёни коронавирус бар  асоси додаҳои рӯзи гузашта дар ҳамсоякишвар ба 46 нафар мерасад.

Зуҳури коронавирус авохири моҳи декабри соли 2019 дар Вуҳани Чин ба қайд гирифта шуду дарҳол дар дигар кишварҳо паҳн шуд.

Миёнаҳои моҳи март Созмони ҷаҳонии беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард.

Бино ба гузориши СҶБ то рӯзи 22 март дар 188 кишвари ҷаҳон беш аз 315 ҳазор кас гирифтори коронавирус шудааст. Беш аз 13,5 ҳазор бемор фавтида ва наздики 96 ҳазор кас шифо ёфтааст.

Барчаспҳо:
хизмати ҳарбӣ, артиш, даъват, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ