02:01 03 июни 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.50
  • RUB0.15
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
424 0 0

Дар Чин ҳамарӯза сафи мубталоён ба маризии сироятии коронавирус рӯ ба камшавӣ мениҳад. Қаблан Кумитаи беҳдошти ин кишвар хабар дода буд, ки Чин аллакай қуллаи баландтарини авҷи ин маризиро паси сар кард

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ҳудуди 90 дарсади гирифторони маризии коронавирус дар Чин шифо ёфтаанд. Феълан, дар беморхонаҳои ин кишвар ҳамагӣ 4 735 нафар дардмандон боқӣ мондаанд, хабар медиҳад Комиссияи давлатӣ дар умури тандурусии Чин.

Бар хабари манбаъ, то имрӯз шумораи ҳолатҳои тасдиқшуда ба маризии коронавирус дар Чин ба 81171 нафар баробар аст, ки аз ин миён аллакай 73159 бемор шифо ёфта аз бемористон мараххас шудаанд.

Зимнан, гуфта мешавад, дар музофоти Ҳубей, ки ин маризӣ аз он ҷо сар зад, 67801 ҳолати сироятёбӣ ошкор карда шуда, 3160 нафар фавтидааст, сатҳи фавт 4,66 фисадро ташкил додааст.

Вазорати тандурустӣ хабари ошкор шудани коронавирус дар Тоҷикистонро бепоя хонд

Ҳамзамон, дар шаҳри Вуҳани музофоти Ҳубей фавт ба 5,04 дарсад баробар аст. Дар маҷмӯъ, дар Чин 3277 нафар қурбони як пандемия гардиданд.

Дар ҳамин ҳол, Чин пешгомии худро дар мавриди шумораи барзиёди гирифторон ва қурбониёни ин маризиро аз даст дода, акнун Италия аз лиҳози даҳшати коронавирус дар ҷаҳон дар мақоми аввал қарор дорад. Дар Италия шумораи умумии қурбониён аз коронавирус ба 3 405 нафар расид.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11 - уми март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт вируси COVID-19 - ро пандемия эълон кард.

Дар маҷмӯъ, дар ҷаҳон беш аз 355 ҳазор нафар гирифтори ин маризӣ мебошанд. Шумораи қурбониён бошад ба 16 ҳазор нафар баробар аст. Зиёда аз 97 ҳазор дардманд шифо ёфтанд.

Барчаспҳо:
маризӣ, Чин

Мавзӯъҳои асосӣ