19:17 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1018 0 0

Теъдоди гирифторони маризии коронавирус дар Русия давоми як шабонарӯз аз 438 ба 495 маврид афзоиш ёфт

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Маризии сироятии коронавирус дар Русия авҷ гирифта истодааст. Танҳо давоми як шабонарӯз 57 ҳолати нави сироятёбӣ ба ин беморӣ  сабт гардидааст, хабар медиҳад ситоди фаврӣ.

Бар хабари манбаъ, аз ҳама беш сокинони шаҳри Маскав ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Дар пойтахти Русия дар як шабонарӯз 28 ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар маҷмӯъ бошад, теъдоди гирифторони ин маризӣ дар шаҳри Маскав 290 нафарро ташкил медиҳад.

Омори даҳшатбори коронавирус: дар чор рӯз бештар аз сад ҳазор бемор

Зимнан, бар хабари ситод, панҷ ҳолати нави гирифторшавӣ дар Санкт-Петербург ва чаҳор мавриди дигар дар вилоятҳои Воронеж ва Свердловский ба қайд гирифта шудааст.

Зимнан, раиси шаҳри Маскав Сергей Собянин низ изҳор доштааст, ки сатҳи мубталошавии сокинон ба маризии коронавирус дар авҷи аъло аст. Ӯ ҳамзамон гуфтаст, ки санаи дақиқи лағв шудани карантин низ номаълум аст.

Мавзӯъҳои асосӣ