Бисёр мушкил буд: қиссаи як шаҳрванди Афғонистон, ки мубталои коронавирус шуда, шифо ёфт

© Sputnik Вахидулла Хамиди
Вахидулла Хамиди  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Афғонистон аз мариз шудани худ ба коронавирус қисса намудаст, ки чи гуна табобат гирифт ва ахир шифо ёфт

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ваҳидулло Ҳомидӣ аз нахустин шаҳрвандони Афғонистон буд, ки аз маризии сироятии коронавирус дардманд шуд. Номбурда дар мусоҳиба бо Sputnik  Афғонистон, раванди табобати худро қисса намуд.

Ба изҳори Ҳомидӣ, ӯ барои 5 рӯз озими шаҳри Қуми Эрон шуд ва аснои бозгашт фаҳмид, ки дар ин шаҳр маризии коронавирус авҷ гирифтааст.

"Замоне, ки ба хона расидам, худамро бисёр нороҳат ҳис кардам ва фавран ба пизишкон муроҷиат кардам", - мегӯяд ӯ.

Бо гузашти се рӯз, табибон муайян намуданд, ки Ваҳидулло ба маризии коронавирус мубтало гардидааст. Ӯ ба ёд меорад, ки вақте нахустин бор гирифтории худ ба ин маризиро фаҳмид, онро бисёр мушкил қабул кард.

Пограничник. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУХ аз баста шудани гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон хабар дод

Ӯ мегӯяд, бо кӯмаки саривақтии табибон ва дастгирии хонаводааш, аз ин маризӣ раҳо ёфт.

"Мушкил ин буд, ки аснои табобат маро дар ҳуҷраи беморхона танҳо нигоҳ медошатанд".

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Осиёи Марказӣ ва Русия

Ба гуфтаи Ҳомидӣ, ба ин маризӣ бояд бо ҷиддият муносибат кард ва нафари беморро лозим аст, то охирин қувва мубориза барад. Табибони афғон ӯро муддати 20 рӯз дар карантин нигоҳ доштаанд.

"Вақте ташхиси дубораи ман манфӣ баромад ва ман аз ин маризӣ раҳо ёфтам, хурсандии  ман беҳудуд буд", - афзудааст ӯ.

Зимнан, Ваҳидулло аз тамоми шаҳрвандони Афғонистон даъват мекунад, ки танҳо дар доираи дастуру талаботи Вазорати беҳдошт амал кунанд ва дар сурат бар коронавирус пирӯз мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0