13:43 04 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.22
  • EUR11.09
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
3049 0 0

Раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар мубориза бо маризии коронавирус истеъмоли доруи хлорохинро тавсия дода буд, ки ахиран ду амрикоӣ пас аз истифодаи он ба ҳалокат расиданд

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дармоне, ки раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп дар мубориза бо коронавирус муассир номид, баръакс марговар баромадаст.

Ду амрикоӣ пас аз истеъмоли ин дору ба ҳалокат расиданд.

Бояд гуфт, ки маризии сироятии коронавирус дар ИМА ба тадриҷ паҳн шуда истодааст ва дар ин робита ҳатто СҶБ низ изҳорот пахш намуд, хабар медиҳад Reuters.

Бар тибқи изҳороти СҶБ, ИМА метавонад ба маркази эпидемияи  COVID-19 мубаддал ёбад.

Карантини Усмонов дар Тошканд: суҳбаташ аз пулу ҷон ва дуои миллиардер

Зеро давоми як шабонарӯз 85 дарсади мубталошавӣ ба ин беморӣ дар Аврупо ва ИМА ба қайд гирифта шудааст, ки 40 фисади он ба ИМА рост меояд.

Намояндаи СҶБ Маргарет Ҳаррис, ИМА – ро маркази эҳтимолии пандемияи коронавирус номидааст.

Ба изҳори ӯ, дар ИМА 53,794 бемори коронавирус сабт гардидаанд, ки аз ин миён 705 нафари онҳо ба ҳалокат расида, 371 тани дигар шифо ёфтанд.

Феълан ин маризӣ дар 50 иёлат, округи Колумбия ва дар маҳаллаҳои аҳролинишини таҳти назорати Амрико, бидуни Самоа паҳн гардидааст.

Барчаспҳо:
тавсия, дору, Доналд Трамп

Мавзӯъҳои асосӣ