10:45 02 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.21
  • EUR11.16
  • RUB0.13
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
51101

Вазорати беҳдошти Эрон эълон кард, ки дар кишвар то имрӯз 24 811 нафар ба коронавирус мубтало шуд ва аз ин вируси хатарнок 1932 нафар ҷони худро аз даст додааст

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то кунун 8913 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Киёнуши Ҷаҳонпур, сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи сешанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 24811 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд.

Ҳамзамон вай афзуд, мутаассифона, бо ҷон бохтани 122 нафар аз беморон, ҷамъи даргузаштагон бар асари ин беморӣ дар кишвар ба 1934 нафар расидааст.

Наздик ба 1000 нафар: афзоши шумори ҷонбохтагон дар Эрон

Ҷаҳонпур инчунин таъкид дошт, ки то кунун беш аз 41 миллион нафар дар тарҳи басиҷи миллии мууқобила бо коронавирус дар Эрон ғарболгарӣ шудаанд.

Коронавирус акнун илова бар Чин, ба беш аз 190 кишвари дигар низ сироят кардааст.

Тибқи созмони ҷаҳонии беҳдошт шумораи гирифторони коронавирус  дар давлатҳои ИДМ 1167 нафарро ташкил медиҳад.

“Аз ҷумла, дар Арманистон шумораи онҳо ба 235, дар Молдова ба 109, дар Беларус ба 81, дар Озарбойҷон ба 72, дар Қазоқистон ба 68 ва дар Қирғизистон ба 42 нафар расид. Дар Россия ва Украина шумораи мубталоён бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 438 ва 73 нафарро ташкил медиҳад”, - қайд намудааст манбаъ.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки дар кишварҳои ИДМ шумораи бемороне, ки шифо ёфтаанд, дар ҳоли афзоиш аст.

“Дар Беларус 22 нафар, дар Россия – 17, дар Озарбойҷон – 10, дар Арманистону Молдова 2-нафарӣ ва дар Украина – 1 нафар шифо ёфта, ба манзили зисташон баргаштанд. Дар Озарбойҷон ва Молдова 1-ҳолатии фавт ва дар Украина се ҳолат ба қайд гирифта шуд”

Ба ҳамин тартиб Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИДМ танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон то имрӯз ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Барчаспҳо:
фавтид, фавт, беҳдошт, хатарнок, вирус, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ