06:20 06 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.23
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
212910

Ин иқдомро ҳукумати Русия ба хотири пешгирӣ аз коронавирус эълон мекунад. Президент таъкид кард, ки як ҳафтаи бекорӣ ба маоши шаҳрвандон таъсир нахоҳад кард

ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар пайи қазияи паҳншавии вируси корона дар Русия ба шаҳрвандони кишвар фавран муроҷиат намуд.

Ӯ аз ҷумла, гуфт, ки ҳукумат барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус ҳафтаи ояндаро истироҳат эълон мекунад.

Ҳамин тавр, аз 28 март то 5 апрел рӯзҳои истироҳатӣ эълон шудаанд. Президент таъкид кард, ки ин ба маоши кормандон таъсире нахоҳад расонид.

"Дар вазъи бамиёномада беҳтараш дар хона монд", - гуфт президент.

Раисиҷумҳури Русия зарурати дастгирии оилаҳои серфарзандро таъкид намуда, афзуд, ки дар се моҳи оянда, сар аз апрел барои ҳар кӯдаки то сесола 5 ҳазор рубл кумакпулӣ пардохт мешавад. Путин зарурати дастгирии афродеро таъкид намуд, ки дар пайи хуруҷи коронавирус ҷои корашонро аз даст медиҳанд. Ӯ пешниҳод кард, ки пардохти иҷтимоӣ барои бекорӣ аз 8 ҳазор рубл ба 12 ҳазор рубл расонда шавад.

Шумораи гирифторони вируси тоҷдор дар Русия ҳамарӯза меафзояд. Бино бар охирон омор, феълан 658 нафар гирифтори ин маризӣ гаштаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ