09:17 28 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.38
  • RUB0.14
Дар ҷаҳон
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Ба ин шаҳр даромадан ва баромадани тамоми намуди воситаи нақлиёт, аз ҷумла сабукрав мамнӯъ шудааст. Шаҳр пурра масдуд аст

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон дар пайи карантини шаҳрҳои Тошканду Намангон, Андиҷонро низ  бастанд.

Ҳамин тавр, аз 27 март даромадан ва баромадани тамоми намуди нақлиёт, ҷамъиятӣ, боркашон, сабукрав ба шаҳр мамнӯъ аст.

Истисно танҳо мошинҳои баркашонеанд, ки ба минтақаъ маҳсулоти хӯрокворӣ мекашонанд.

Дарвозаҳои шаҳр барои даромадани сокинони доимии Андиҷон, кормандони мақомоти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, раёсату идораҳо ва ташкилотҳо боз аст. 

Афзун бар ин, кормандони тиб, кормандони маркази назоратии санитарию эпидемиологӣ бевосита вориди шаҳр шуда метавонанд.

Ёдрас мешавем, 24 март Тошканд низ масдуд шуда буд. Дертар Намонгонро ҳам карантин карданд.

Ӯзбекистон баргузории тӯйҳоро мамнӯъ кард

Ҳамчунин, дар Ӯзбекистон шаҳрвандонро барои берун шудан аз хона бидуни ниқоби тиббӣ ҷарима мекунанд.

Маврид ба зикр аст, ки шумораи гирифторони вируси корона дар ҷумҳурӣ ба 65 нафар расидааст.

Феълан 12 ҳазор нафар дар карантин қарор доранд.

Вирусро аввалин шуда ба ҷумҳурӣ зане аз Фаронса овардааст ва назиконашро сироят кардааст.

Мавзӯъҳои асосӣ