Тасдиқ шуд: Борис Акунин ва Лев Лешенко ба коронавирус гирифтор шудаанд

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПисатель Борис Акунин
Писатель Борис Акунин - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гирифтории Борис Акунин, нависандаи маъруф ва Лев Лешенко, ҳунарманди машҳури Русия ба маризии COVID-19 тасдиқ шуд

 ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Борис Акунин аз мубтало шуданаш ба коронавирус дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст ва аз мухлисонаш даъват кардааст, ки ба таҳлука гирифтор нашаванд.

“Ман каме аз фейсбук дур шудам, чун ба маризии муди имрӯза гирифтор шудам.  Саломатиам як каме беҳтар шавад, ҳатман аз бардоштам қисса хоҳам кард”, - навиштааст Борис Акунин.

Дар ҳамин ҳол, ахиран пизишкон аз мубтало шудан ба COVID-19 дигар ҳунарманди мардқумии Русия Лев Лешенкоро тасдиқ намуданд.

Денис Протсенко, сардухтури Коммунарка - маркази нигаҳдории гирифторони COVID-19 ахиран дар саҳифаи фейсбукиаш сироят ёфтани Лев Лешенкоро ба коронавирус тасдиқ кард.

Вай гуфт, баъд ташхиси иловагӣ сироятёфтани ҳунарманди мардумии Русия тасдиқи худро пайдо кард.  

Ҳамзамон вай афзуд, ки дар рӯзҳои аввал вазъи саломатии ҳунарманд вазнин арзёбӣ мешуд ва дар натиҷаи сирояти коронавирус, ҳунарманд ба илтиҳоби дурафаи шуш мубтало шудааст. Феълан, Лев Лешенко шӯъбаи эҳё қарор дорад.

Певец Лев Лещенко - Sputnik Тоҷикистон
Аҳволаш вазнин аст: Лев Лешенко ба коронавирус гирифтор шуд

Ёдрас мешавем, ки аввалҳои моҳи феврал Лешенко бо ҳамсараш барои истироҳат ба Италия сафар карданд. Пас аз ду ҳафтаи сафар аҳволи ҳунарманд бад шудааст.

Ҳамзамон имрӯз расонаҳои хабарии Русия хабар доданд, ки гумон аст, Игор Николаев, оҳангсози машҳури Русия низ мубталои коронавирус шудааст.

 Дар ҳоли ҳозир,  ин шахси шинохтаи Русия дар бемористон қарор доранд ва аз ташхиси тиббӣ мегузарад.  

Тибқи иттиолои ахири Созмони ҷаҳонии беҳдошт шумори мубталоён ба коронавирус дар ҷаҳон ба 462 ҳазор нафар расида, теъдоди ҷонбохтагон аз ин вирус 20 ҳазор нафарро ташкил додааст.

Лентаи хабарҳо
0