Бо Путин тамос надошт: мубталошавии як намояндаи дастгоҳи президент ба коронавирус

© Sputnik / Сергей ГунеевПресс-секретарь президента России Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента России Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сухангӯи дастгоҳи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков мегӯяд, сироятшуда бо Владимир Путин тамос надошт

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Мубталошавии як узви дастгоҳи раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба маризии сироятии коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии Путин: кай Русия бар коронавирус дастболо мешавад

Феълан нафари гирифтор ба коронавирус аз одамони сиҳат ҷудо карда шудааст ва бо ӯ кормандони тиб сару кор доранд.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи президент Дмитрий Песков хабари гирифтор шудани як намояндаи дастгоҳи президент ба коронавирус таъйид кард ва изҳор дошт, ки номбурда бо Владимир Путин дар тамос набудаст.

Гуфта мешавад, нафари сироятёфта бо сарояндаи машҳури Русия Лев Лешенко дар як чорабинӣ иштирок намудааст, аммо бо ҳам тамоси наздик надоштанд.

Бе коронавирус: дар Тоҷикистон то 27 март коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

Ёдовар мешавем, ки дар Русия дар як шабонарӯз 196 ҳолати нави гирифторӣ бо коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Дар Маскав 157 кас дар Қрим 12 ва дар вилояти Маскав 8 кас мубталои коронавирус шуданд. Шумораи умумии мубталоён дар ин кишвар ба 1036 кас расид.

Лентаи хабарҳо
0